KGU

Ҷаласаи кории назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ

Ҷаласаи кории назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ 09.04.2019

Ҷаласаи кории назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ

          Таҳти раёсати роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб санаи 07 марти соли 2019 бо иштироки ҳайати гуруҳи корӣ ҷаласа доир карда шуд.Саравал, ҳисоботи роҳбарони гуруҳҳои кории шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот, оид ба корҳои баанҷомрасида дар соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 шунида шуда, баҳри иҷроиши нақшаи соли равон дастру доданд.Роҳабарони гуруҳҳои кории шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот зимни ҳисобот ироа намуд, ки ҳамарӯза муроҷиатҳо оид ба сохтмони иншоотҳои таиноташон гуногун ворид гардида истодааст, ки ин имконият медиҳад, илова ба нақшаи тасдиқгардида, корҳои сохтмониву созандагӣ роҳандозӣ гардад.Раиси шаҳр низ дар тақвияти гуфтаҳои роҳбарони гуруҳҳои корӣ, иброз дошт, ки ҳамарӯза корҳои сохтмонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо маром идома дошта, муроҷиати шаҳрвандон низ дар ин самт дида мешавад.Роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.А. дар охир гуруҳҳои кориро вазифадор намуд, ки омодагиҳоро ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба роҳандозӣ намуда, гулшиноӣ, таъмири биноҳову роҳҳо зери таваҷчуҳ қарор дода шавад. Инчунин бо ҷалби сокинон, махсусан соҳибкорону саховатмандон корҳои созандагиву ободкориро дар ҳудуди деҳаҳову маҳаллаҳо боз ҳам вусъат бахшанд.

 


Back to the list