ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ
НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР СОЛИ 2019 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” тасмим гирифтааст, кибо мақсади ҳавасмандгардонии муаллифони мақолаҳои публисистӣ озмуни ҷумҳуриявиро миёни қаламкашони ҷавонон дар мавзӯи «Меҳри Ватан» байни ҷавонони касбу кори гуногун баргузор намояд.
1. Қабули мақолаҳо барои пешниҳод дар озмун бо суроғаи дар поён овардашуда то санаи 10 майи соли 2019, соати 17:00 сурат мегирад.
2. Ҷавонони аз синни 14 то 30 сола дар озмуни мазкур ширкат варзида метавонанд.
3. Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
6.Маълумоти иловагиро вобастаба талаботи озмун метавонед тавассути суроғаи зерин дастрас намоед:
- шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6;
- телефон барои тамос (+37) 2351025, 934640440
- www.youth.tj; email: ahmadzoda8923@gmail.com
Эзоҳ: мақолаҳои пешниҳодгардида дар шакли хаттӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.