KGU

Вой бар Эрон

Вой бар  Эрон 10.04.2019

Вой бар Эрон

Аз замоне, ки роњбари њизби террористии нањзати исломї Мухиддин Кабириро дар канори роњбарияти Љумњурии исломии Эрон дарёфтам, эътимодам ба роњбарияти олии кишвари Ирон коста гардид.

Ҳарчанд, ки ман ихлосманди адабиёти ҳазорсолаи тоҷику эрон астаму шоҳномаи Фирдавсӣ, ғазалҳои ноби Саъдиву Ҳофизро ҳамарӯза мехонаму дар зиндагии ҳамарўзаи хеш истифода мекунам, вале чуну чароҳои сиёсӣ хотири маро мушавваш медорад. Ҳизби нањзати исломӣ, ки ҷанги шаҳрвандӣ аз кушишњои пардапушонаи он    сарчашма гирифта буду то њол амалҳои террористии онҳо дар кишвари азизмон идома ёфта истодааст,   то њол аз тарафи тарафи кишвари Эрон малблаӯгузорӣ ва дастгирӣ меёбад.

Дирўз аз расонаи интернетии Азия нотер дарёфтам,ки роҳбари олии кишвари Амрико, президенти Америка Долалд Трамп сипоҳи посдорони Эронро созмони терористӣ эълон кард.

Агар ин қазия исботи ҳақиқии хешро пайдо намояд, пас дарёфтан мумкин аст, ки кишвари Эрон терроризм ва террористонро   дастгири менамояд. Агар ин ҳақиқат аст вой бар Эрони Фирдавсиву Саъдї,ки оламро бо шеъри ҷовидона мусаххар мекарду имрўз бошад бо даҳшатафканиву тарсонидан.

Озар Мирзоев , коршинос


Back to the list