KGU

Ҷаласаи васеи падару модарони донишҷӯёни факултети химия ва биология бо кормандони Раёсати тарбияи донишгоҳ

Ҷаласаи васеи падару модарони донишҷӯёни факултети химия ва биология бо  кормандони Раёсати тарбияи донишгоҳ 12.04.2019

Ҷаласаи васеи падару модарони донишҷӯёни факултети химия ва биология бо кормандони Раёсати тарбияи донишгоҳ

     Санаи 12.04.2019 соати 14:00 бо ташаббуси садорати факултети химия, биология ва география дар якҷоягӣ бо ҳайати васеи омӯзгорони факултет дар толори фарҳангии факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи падару модарони донишҷӯёни факултет баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт:

1.    Риоя ва иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби донишҷўёни факулта.

2.    Иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.

3.    Масъалаҳои пардохти шартномаи таҳсил ва тартиби хориҷу барқарор намудани донишҷӯён.

       Дар ҷаласаи мазкур ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия - Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ - Назаров Ҳотам Сарфарозович, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - Ятимов Ҳомид, нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони ВКД дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, лейтинанти калони милитсия - Одиназода Лоиқ, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ва падару модарони донишҷӯёни факулта иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охир ба волидайни донишҷӯёне, ки дар корҳои ҷамъиятии факултавию донишгоҳи иштироки бевосита доранд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ “ Ифтихорнома” – ҳо тақдим карда шуд. Ногуфта намонад, ки дар бобати таълиму тарбияи насли ҷавонон , ки ояндаи давлату миллат аз онҳо сарчашма мегирад, назари раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дур нест. Ва баҳири баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ҳама чораҳои заруриро андешидаистодаанд.


Back to the list