ДУШАНБЕ, 12.04.2019. /АМИТ «Ховар». Дирӯз, 11 апрел, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо иштироки роҳбарон ва фаъолони шаҳр доир гардид. Дар он масъалаи вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб ва сатҳи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ҷаласаро Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ намуд.Оид ба натиҷаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Гурӯҳи корӣ, Ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода гузориш дод. Ӯ дар бораи корҳои сохтмонӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами №АП-1059 ва банди 15 –и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буданд, сухан гуфта, бурду бохт ва баъзе камбудиҳоеро, ки дар ин самт ҷой доранд, зикр сохт ва дар фарҷоми гузориш хулосаю пешниҳодоти худро ироа намуд.Роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шаҳри Кӯлоб, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода роҷеъ ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб дар моҳҳои август ва ноябри соли 2018 баён дошта буд, ҳисобот дод.Баъдан Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гузориш дод.Сипас, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои сафари кории худ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, ки рӯзҳои 10-11-уми апрел ҷараён гирифт, дар назди ҳозирини ҷаласа ба сухан баромад.Сарвазир мамлакат оид ба пешравиҳо ва нуқсонҳои ҷойдошта дар корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корҳое, ки бояд тибқи нақша ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд то ҷашни 28-солагии Истиқлолият ба сомон расонида шаванд, ҳарф зада, барои сари вақт ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти иҷроияи марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.