ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар мавзӯи «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Бино ба иттилои манбаъ, форуми мазкур дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст.Мақсад аз баргузории Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ — тақвият ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, бо тарзу усули нав машғул шудан ба тиҷорат ва ҷанбаҳои нави истифодаи иқтисодиёти рақамӣ мебошад.Ёдовар мешавем, ки дар форуми мазкур баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои илмию техникии ҷавонон, ташкили гӯшаҳои соҳавӣ, ярмаркаи ҷойҳои корӣ, пешниҳоди имкониятҳои таҳсил баҳри интихоби касби муосир, суҳбати «мизи гирд» бо додани машваратҳои касбӣ аз ҷониби мутахассисони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар назар дошта шудааст.