Аз 10.03.2019 то 17.03.2019 3 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев С.А., мутахассиси маркази таҳсилоти фосилавӣ Қурбонова У.Т. ва мутахассиси маркази ТАКИП Сулаймонов У.И. дар доираи лоиҳаи EXTEND – “Бартарӣ дар таълимоти муҳандисӣ тавассути омӯзиши муаллимон ва роҳандозии усулҳои нави педагогӣ дар Россия ва Тоҷикистон” дар Донишгоҳи техникии Ригаи Ҷумҳурии Латвия дар сафари хизматӣ қарор доштанд.
Мақсади сафар муҳокимаи раванди амалишавии лоиҳа аз ҷониби иштирокчиён ва ҳамоҳангсозони лоиҳа, иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ, табодули таҷрибаи якдигар, иштирок дар суҳбати донишҷӯёни бакалавр, магистрантон ва докторантони PhD, иштирок дар машғулиятҳои омӯзгорони Донишгоҳи техникии Рига (ДТР) ва боздид аз базаи моддию техникии донишгоҳи мазкур буд.
Дар ин сафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар маҷмӯъ 11 нафар иштирок намуданд.
Шодбошии меҳмонон аз ҷониби ҳамоҳангсози кул Элизабет Лазароу ва намояндаи ДТР Карлос Ваолтинс сурат гирифт. Ҳамоҳангсози лоиҳа Элизабет дар рӯзи аввал ва охири семинар оид ба идоракунии лоиҳа, муваффақиятҳо ва мушкилот (харидории таҷҳизот, пуркунии анкетаҳо, мавод оид ба омодасозии докторантони PhD) суханронӣ намуд.
Такшили маркази EXTEND ва фаъолияти минбаъдаи он мавриди диққати махсус қарор дошт. Ин марказ бояд пурра дар амалишаии идеяи асосии лоиҳа - “Бартарӣ дар таълимоти муҳандисӣ тавассути омӯзиши муаллимон ва роҳандозии усулҳои нави педагогӣ” мусоидат намояд.
Дар рӯзи аввали семинар ба иштирокчиён супориш дода шуд, ки почтаҳои электронии худро ҳамеша фаъол нигоҳ доранд, чунки ба воситаи онҳо супоришҳо фиристонида мешуданд.
Дар ҷараёни сафар суҳбату вохӯриҳо ва бахшҳои алоҳидаи семинар дар биноҳо ва факултаҳои гуногун сурат мегирифтанд. Аз ҷумла иштирокчиёни семинар аз 2 факулта, китобхона, осорхона, лабораторияҳои таълимии ДТР дидан намуданд. Лабораторияҳои донишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва таълимӣ аз ҷумла бо 3d принтерҳо муҷаҳҳаз гардида буданд.
Дар раванди кори семинар барои иштирокчиён ҳаргуна бозиҳои зеҳнӣ ташкил карда гузаронида шуданд, ки мақсадашон фаъол гардонидани шунавандагон ва дар оянда тадбиқи ин гуна бозиҳо дар раванди таълим буданд.
Аз ҷониби докторантони фаъоли ДТР барои иштирокчиён дар мавзӯҳои “Санъати суханварӣ”, "Истифодаи ТИК дар фаъолияти омӯзгорӣ”, “Қоидаҳои истифодаи ТИК” суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, бо 4 нафар донишҷӯёни фаъол низ суҳбат ташкил карда шуд.
Дар кори семинар кормандони бахши докторантураи PhD, профессорон ва дигар кормандони ДТР ҷалб гардида буданд. Дар раванди ин вохӯриҳо мушкилоти рӯзмарраи раванди таълими муҳандисон мавриди баррасӣ қарор мегирифт.
Дар семинари соли гузашта дар шаҳри Сарански Федератсияи Россия аз ҷониби яке эксператони лоиҳа Мария Даскалу (аз Донишгоҳи Политехникии Бухарести Руминия) сомонаи таълимии Kahoot муаррифӣ гардида буд. Дар ин семинар Мария дар мавзӯи “Таҷҳозоти лозимӣ барои таълим” баромад намуд, ки дар баромадаш роҳҳои муосири ташкили айёнияти электронии таълимиро пешкаши иштирокчиён гардонид.
Бо тариқи бозиҳои интерактивӣ иштирокчиён аз корҳои дар вохӯриҳо ва семинари пешин (Москва, Саранск, Хуҷанд, Рига) анҷомдодашуда суҳбатҳо ташкил мекарданд, ки бо ин васила ҳам пайдарпаии корҳои анҷомдода шудаю мушкилотро муайян менамуданд ва ҳам ба нафаронеро, ки нав ба кори лоиҳа ҷалб гардидаанд маълумоти бештаре мегирифтанд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур бояд барои докторантони PhD нақшаҳои намунавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия карда шаванд. Вобаста ба ин масъала корҳо оғоз гардиданд. Оид ба таҳияи нақшаи таълимӣ барои докторантони PhD, тартиб додани нақшаи омӯзгор, ки бояд аз кадом сарчашмаҳо бохабар бошад, омӯзиши кадом фанҳо ва сарчашмаҳо барои худтарақидиҳии омӯзгор муҳим арзёбӣ мегардад, семинарҳо гузаронида шуданд. Иштирокчиён дар гурӯҳҳои хурд оид ба талаботи асосии таҳияи нақшаҳои таълимӣ, миқдори кредитҳо, қисматҳои нақшаи таълимӣ: ҳатмӣ, қисман ҳатмӣ ва интихобӣ кор карданд.
Қайд карда шуд, ки айни замон дар Аврупо 1 кредит ба 28-30 соат баробар мебошад, ки аз ин 10 соаташ дар синфхона гузаронида мешавад. Ҳар як нақшаи таълимӣ дорои 8 модул мебошад.
Ҳамзамон иштирокчиёни семинарҳо маърӯзаҳои 2 профессори ДТР оид ба истифодаи ТИК ва салоҳиятнокии касбии омӯзгорон шуниданд.
Ҳамаи иштирокчиён якҷоя дар 2 соат машғулияти назариявии як профессори донишгоҳи Рига аз фанни “Экономикаи ичтимоӣ” иштирок намуданд. Мушоҳидаҳо аз раванди машғулиятҳои мазкур рӯзи дигар миёни иштирокчиён муҳокима карда шуда, хулосаҳои лозима бароварда шуданд.
Дар ҷамбаст ба ҳама иштирокчиёни семинар сертификатҳо дода шуданд.
ҶАМЪБАСТ ВА ХУЛОСАҲО