KGU

Вохӯрии сардори гурӯҳи ҷавони "Авангарди"-и назди ВКД ҶТ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ

Вохӯрии сардори гурӯҳи ҷавони "Авангарди"-и назди ВКД ҶТ бо донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ 17.04.2019

Вохӯрии сардори гурӯҳи ҷавони "Авангарди"-и назди ВКД ҶТ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ

       Таърихи 17.04.2019 дар бинои маъмурӣ, толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, вохӯрии Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Фирӯз дар якҷояги бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва мененҷменти иноватсионӣ дар ш.Кӯлоб, Коллеҷи омӯзгории назди ДДК, Коллеҷи давлатӣ тиббии назди ДДК доир гардид. Саравал сухани ифтитоҳиро, ноиби ректор иод ба тарбия, н.и.п. мӯҳтарам, Назаров Ҳотамшо оғоз намуда, кулли иштирокчиёни вохурии мазкурро аз номи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ ба ин даргоҳи илму маърифат хушомадед гуфтанд. Ва оиди тарбияи хуби насли наврас, ки ояндаи давлату миллат куллан ба ин қишри ояндасоз вобастагии ҷидди дорад, чанд суханони ҳикматомезе манзури донишҷӯён намуданд. Ва сипас ришати сухани навбатиро ба роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Фирӯз бахшиданд. Роҳбари гурӯҳи мазкур оид ба пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои тудгароии терроризм ва экстремизм суханрони намуда, қайд карданд, ки ҷавонони имрӯза дар фазои истиқлолияти давлатӣ умр ба сар мебаранд. Бояд дар ин фазо соҳиби илму маърифат ва касбҳои замонавӣ гарданд. Зеро ин давлатро танҳо дар натиҷаи илм, дониш ва ҳунар метавон м обод сохт. Ва инчунин дар бобати бастани ҳичоб ба донишҷӯдухтарон чанд нуқтаеро зикр карданд, ки ин ба миллат ва давлат аслаш ба ҳаёт хушбахти меорад. Роҳбари гурӯҳи мазкур зикр карданд, ки занон ва дӯхтарони мо набояд ба сару либосии дигар миллат тақлид намоянд, зеро модари тоҷикро ба худ либоси миллист, аз қабили атласу чакан. Бабар кардани ин гуна мероси гаронбаҳою таърихӣ боз ҳам аз таърихи ғани доштани миллати мо шаҳодат медиҳад. Пас набояд таърих, тамаддун ва меросҳои арзишманди ин мулки боамну осоиши хешро аз даст дод. Балки баҳри густариш додани он меҳнати софдилонае бояд иҷро намуд. Ва сипас баҳри фаҳмидани пешниҳоду дархости донишҷӯён суханро ба аҳли толор доданд. Ва дар ин васила донишҷӯи курси 4-уми факултети молиявию иқтисодии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ,   Шоева Дилноза ба минбари сухан баромаданд, ва аввало меҳмонони гиромиқадрро аз номи худ ва аз номи донишҷӯёни ДДК ба номи А.Рӯдакӣ ба ин даргоҳи илму адаб самимона шодбош намуда, сипас пешниҳод намуд, ки агар курси мактаби “Шуҷоатмандӣ” –и назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода, шавад ин бисёр иқдоми наҷибонае мешавад, баҳри омӯхтани илму маърифати ҷавонони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи шаҳр. Ва сухани навбатиро бошад, донишҷӯи курси 2-юми факултети физика ва математикаи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, Манучеҳр Латифов идома дода, тамоми меҳмонони ҳузурдошта ва донишҷӯёни муассисаҳои олии иштирокдоштаро қаблан аз номи хеш ва аз номи кулли ҷавононе, ки тибқи Квотаи Президентӣ дар ин донишгоҳи бонуфуз, ки то имрӯз чандин мутаххасисони бо илму маърифатро ба воя расонидааст, табрик ва шодбош намуданд. Ва дар муриди тарбияи дуруст, ва содиқонаю софдилона ба халқу миллат хизмат карданд, чанде назароти бузургон ва назароти шахсии хешро пешкаши иштирокдорони ин вохӯри намуд. Хулоса , вохӯрии мазкур бо фаҳмондаҳии роҳбари гуруҳи ҷавонони “Авангард” – Қодиров Фирӯз ба итмом расид.






Back to the list