KGU

Конференсияи илмии " МАКТАБ БАРОИ ҲАМА", дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ

Конференсияи илмии " МАКТАБ БАРОИ ҲАМА", дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ 17.04.2019

Конференсияи илмии " МАКТАБ БАРОИ ҲАМА", дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ

        Дар таърихи 17.04.2019 Дар бинои маъмурӣ, ошёнаи дуюм, утоқи №207- и Донишгоҳи давалатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ   аз рӯи лоиҳаи “ Муттаҳҳидсозии талошҳои аъзоёни Коалитсия барои таъмини рушди устувори таҳсилоти фарогир баҳри кӯдакони дорои маъюбият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Коалатсияи миллии ташкилотҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди Ҷумҳури Тоҷикистон, конференсияи илмии “МАКТАБ БАРОИ ҲАМА”, бахшида ба яксолагии аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони милали муттаҳид ба имзо расонидани Конвенсия оид ба ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият гузаронида шуд. Саравал сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, н.и.ф, дотсент, Худойдодова Шарофат оғоз намуда, кулли иштирокчиёни конфронси мазкурро аз номи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ муҳтарам, Абдулло Ҳабибулло ҳамаи аҳли нишастро ба ин макони илму маърифат самимона шодбош гуфтанд. Ва баъдан аз рӯи нақшаи таҳяи намудаи масъулони конфронси мазкур регламентро ба интобат гирифта ба кори конфронс ҳусби оғоз бахшиданд. Мавзуи баррасишаванда дар ин конфронс бо чунин маъно пешниҳод гардида буд: “ Дастрасӣ ба таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Конфронси мазкур бо пешниҳод ва роҳҳои хубтару беҳтар ҷалб намудан ва сари вақт дасти ёри расондан ба чунин шахсони ҷомеа, ки гирифтори бемориҳои маъюби ҳастанд ба итмом расид.




Back to the list