KGU

Ҷаласаи якҷояи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат”

Ҷаласаи якҷояи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат” 18.04.2019

Ҷаласаи якҷояи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат”

       Дар таърихи 18.04.2019 дар бинои маъмури ошёнаи 2-юми утоқи №207- и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи якҷояи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат”, гузаронида шуд. Сарввал сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба тарбия, н.и.п., Назаров Ҳотамшо оғоз намуда, тамоми аъзоёни ин ҳизби пирӯзро аз номи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ муҳтарам, Абдулло Ҳабибулло ба ин боргоҳи илму маърифат самимона шодбош намуданд. Ва инчунин ногуфта намонад, ки дар ҷаласаи мазкур, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок намуда, дар мавриди муҳтавои ин ҳизби пирӯз суҳбате, миёни иштрокдорон ва аъзоён ороста кард.Ва инчунин дар бобати ҳифзи сулҳ,ваҳдат, ягонагии марзу бум, асолати миллӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ масъулияти ҳар як шаҳрванд, фикру андешаҳои хешро баён намуд. Дар бобати истиқлолияти давлати ва ҳифзи ин дастоварди бузурги таърихи сухан чанде гӯем, боз ҳам кам аст. Зеро ҳар як миллату халқият моро аз рӯи ин датоварди таърихи эътироф мекунанд. Дар ҷаласаи мазкур узви ҲХДТ, мутаххасиси Раёсати илм ва иноватсия, Бадалов Исфандиёр дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм аз хатарҳои замони муосир ва таҳдиди он ба амнияти кишвар”, маърузае пешкаши ишитирокчиёни ин ҷаласа намуд. Ва оиди пешгирии ҷавонон аз шар гуна амалҳои номатлуб устодон ҳарфҳои хирадмандонае манзури донишҷӯён ва ҷавонон карданд. Албата устодон иброз доштанд, ки ҷавонони имрӯза бояд, донад, ки ӯ дар фазои амну осоиш умр ба сар бурдаистодааст, албата ба қадри ин неъмати бузург бояд расид. Дар ин баробар донишҷӯёни донишгоҳ ҳам дар ин ҷаласа иштироки фаъолона намуда, дар бобати ватану ватандори ва ифтихору ҳувияти миллӣ суханони диққатҷалбкунандаеро пешкаши устодону ҷавонон намуданд. Ҷаласаи мазкур бо суханрониҳои иловагӣ аз ҷониби иштирокдорони ҷаласаи дар боло зикр гардида ба итмом расид. Ва дар охир ба шахсоне, ки дар соли 2018-2019 ба ҲХДТ аъзо шуданд, аз ҷониби муовинги КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Фирузи Саидмуъмин, дафтарчаи аъзогии ҳизб супурда шуд.





Back to the list