Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳои шаҳри Кӯлоб таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд.Боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, тибқи лоиҳаҳои тасдиқгардида, ки аз ҷониби зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудаанд, бо тарҳи замонавӣ, таъмиру азнавсозӣ гардида, масъулин тасмим доранд то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода диҳанд.Боғи мазкур бо дарахтони ороишиву ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳо, фаввораҳои гуногунранг орову зиннат дода шуда, ин татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат баҳри дилхушиву истироҳат ва фароғати сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб мебошад.Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар боғ майдончаи варзишӣ, майдончаи бозии кӯдакон, пайроҳа барои обу тоби бадан, майдончаи фарҳангӣ, майдончаи истироҳати пиронсолон (занонаву мардона), ошхона барои хизматрасонӣ, 35 адад курсиҳо барои нишаст ва таваққуфгоҳи нақлиёт сохта шуда, барои сокиони шаҳри Кӯлоб пешниҳод мегардад. Айни замон, корҳои азнавсозӣ идома дошта, масъулин тасмим доранд, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотро ба пуррагӣ ба истифода супоранд.Дар натиҷаи ба истифода супоридани боғи мазкур тамоми шароитҳои зарурӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, ҷавонон, наврасон ва кӯдакон фароҳам оварда хоҳад шуд.