Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода намудани хатмкунандагон ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестӣ рӯзи 14 апрели соли 2019 имтиҳонҳои озмоишӣ бо фарогирии 120 нафар хатмкунандагон дар муассисаи таълимии №34 ва рӯзи 21 апрели соли 2019 дар муассисаи таълимии №1 бо фарогирии 380 нафар хатмкунандагон, дар умум 500 нафар хатмкунандагон аз имтиҳонҳои озмоишӣ гузаронида шуданд.Мавриди зикр аст, ки моҳи ноябри соли 2018 чунин озмоиш миёни 700 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб низ гузаронида шуда буд. Таҷриба собит менамояд, ки довталабон дар вақти супоридани имтиҳонҳои асосӣ ба камбудиҳо роҳ медиҳанд, дар ҳаяҷонанд ва дар вақти кӯчонидани ҷавобҳои дуруст дар варақаи ҷавобҳо, ки он иваз карда намешавад ба хатогӣ роҳ медиҳанд.Маҳз ба ҳамин хотир Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим гирифт, ки чунин озмоишҳоро миёни хатмкунандагон роҳандозӣ намояд. Озмоишҳои мазкур дар заминаи маводҳои Маркази миллии тестӣ, тибқи талаботҳои он гузаронида шуд.Баргузории чунин озмоишҳо ба довталабон имкон медиҳад, ки дониши худро пеш аз имтиҳонҳои асосӣ бисанҷанд ва омодагии худро барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ хубтар ба роҳ монанд.