ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ифтитоҳи Маркази рушди забони англисӣ дар факултаи забонҳои романӣ-германии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода туҳфаи хубест ба Рӯзи забони англисӣ, ки аз соли 2010 инҷониб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун замина барои омӯхтани илму фарҳанги кишварҳои дигар, дастовардҳои пешрафти илмӣ-техникӣ ва ба ҳайси воситаи муоширати байни миллатҳо бояд ба эътибор гирифта шавад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани на камтар аз ду забони хориҷиро барои ҷавонон ва мутахассисони соҳаҳои мухталиф зарур ва муҳим арзёбӣ намуда, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба сатҳи пасти дониши ҷавонон аз ин забонҳо изҳори нигаронӣ намуданд. Инчунин таҳкими омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ аз нуктаҳои муҳимтарини Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, русию англисӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонони кишвар аз дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоии ҷаҳон боз ҳам беҳтар огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамзамон дар муаррифии комёбиҳои кишвар дар олам нақши муҳим гузошта, миллати худро ба ҳайси як кишвари соҳибтамаддун тарғиб бикунанд.Дар замони муосир ҳаёт зарурати беҳтар донистани забонҳои русӣ ва англисиро ба миён овард ва ин тақозои айём нақши худро дар сиёсати давлати мо оид ба забон гузошт. Ба ин муносибат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» аз 4 апрели соли 2003 интишор ёфт, ки зарурати тасвиби он чунин арзёбӣ гаштааст: «Ҷиҳати рушди робитаҳои байналмилалӣ, ғанӣ гардонидани дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқҳо, фароҳам овардани шароит барои суръатбахшии пешрафти илму техника, аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, такмили ҳамаҷонибаи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад». Бо гузашти давраи фаъолият ва идомаи мантиқии кор бо дарназардошти талаботи айём қарори нави Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 3 июли соли 2014 ба тасвиб расид, ки ҷиҳати боз ҳам рушд додани забонҳои хориҷӣ дар кишвар заминаи хубе фароҳам хоҳад овард.