KGU

Даври ниҳоии озмуни умумидонишгоҳии " Бикӯш то доно шавӣ"

Даври ниҳоии озмуни умумидонишгоҳии " Бикӯш то доно шавӣ" 23.04.2019

Даври ниҳоии озмуни умумидонишгоҳии " Бикӯш то доно шавӣ"

       Дар таърихи 23.04.2019 дар ошёнаи дуюми утоқи №207-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Маркази истеъдодҳои ҷавон ва волонтиёрони фаъоли марказ даври ниҳоии озмуни умумидонишгоҳии “Бикӯш то доно шавӣ” – миёни факултетҳои таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, факултети омӯзгорӣ, факултети филолгияи тоҷик ва журналистика барои ишғоли ҷойҳои 1,2 ва 3 гузаронида шуд. Сараввал сухани ифтитоҳиро дар озмуни мазкур сардори Маркази истеъдодҳои ҷавони донишгоҳ, Сайфуддинов Фирӯз оғоз намуда, кулли иштирокчиёни озмунро ба даври ниҳои хушомадед гуфтанд.Ногуфта намонад, ки дар аъзогии ҳакамон дар озмуни мазкур интихоб шуда буданд, мутахассиси раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ, Бадалов Исфандиёр ва сардори Маркази истеъдодҳои ҷавон, Сайфуддинов Фирӯз. Даври ниҳои бо пешниҳоди авалин суол ба факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ оғоз шуд. Тамоми иштирокён ба ҳарду даста мувафақият хостанд ва рақобат оғоз ёфт.


Back to the list