Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб дар асоси фармони раис-Сардори мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб №9 аз 9 апрели соли 2019, дар бораи гузаронидани рӯзи мудофиаи гражданӣ санаи 22 апрели соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 шаҳри Кӯлоб рӯзи мудофиаи граждании намунавиро бо иштироки ҳайати шахсии бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб, намояндагони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб, намояндаи маориф ва роҳбарони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор намуд.Дар чорабинии мазкур омӯзгорони дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии №10 фаъолона иштирок намуданд.Чорабинӣ оиди пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва омода будани хонандагон дар вақти ба амал омадани ҳолати фавкулодда гузаронида шуд. Дар охир ба омӯгорон ва хонандагоне, ки дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуданд, аз тарафи шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб ва бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб сипосномаҳо тақдим карда шуд.