KGU

Ҷаласаи кории раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб

Ҷаласаи кории раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб 29.04.2019

Ҷаласаи кории раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб

       Санаи 27 апрели соли ҷорӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо ҳайати гуруҳи кории худ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ баргузор намуд.Дар кори ҷаласаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳриву минтақавӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар фаъолони шаҳр ширкат доштанд. Дар ҷаласа инчунин 19 нафар шаҳрвандон низ барои қабули раиси вилоят дар толор ҳузур доштанд.Сараввал, раиси шаҳр меҳмононро барои ташрифашон ба шаҳри Кӯлоб пазироӣ намуда, барои пешбурди кори маҷлис суханро ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қ. доданд.Раиси вилоят, сараввал муроҷиатҳои 19 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлобро шунида, барои баррасии дархостҳои онҳо шахсони масъулро вазифадор намуд.Муроҷиаткунадагон оид ба масъалаҳои норасоии оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо, иваз намудани симчӯбҳои барки, вобаста намудани қитъаи замин, таъсиси варзишгоҳ ва кӯмаки молиявӣ муроҷиат намуда, дастгирӣ ёфтанд.Дар кори ҷаласа, инчунин раиси вилоят оид ба дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва дастгирии он барои минбаъд аз ҷониби шаҳр ва вилоят гуфта гузаштанд.Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаи омодагиҳо ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳарбӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, ВНМО, сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардида, раиси вилоят ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.Дар охир, раиси шаҳр оид ба фаъолияти семоҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳисобот дода, қайд намуд, ки ҷиҳати ободу зебо намудани шаҳри Кӯлоб ва таъмини аҳолӣ ба ҷойи корӣ тамоми чораҳоро амалӣ хоҳем намуд.

 


Back to the list