Санаи 27.04.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдаки ҷамбасти озмуни умумидонишгоҳии “Бикӯш то доно шавӣ”, ки лоиҳаи пешниҳодкардаи донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, Барфакзода Фазилатмоҳ буд гузаронида шуд. Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика ва математика, профессор Узви вобастаи АИ ҶТ мӯҳтарам, Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда,таъкид бар таъкид иброз доштанд, ки насли имрӯза, ки зодаи даврони истиқлолият ҳастанд, бояд аз ин ободию аз ин озодӣ ва аз ин шароити хубе, ки имрӯз давлату ҳукумат барои ҳар яки мо мусоид овардааст, оқилона истифода намуда, илм биомӯзем ва касб аз худ кунем. Зеро ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст, гуфтаанд. Ҳунарро албата, ки тавассути меҳнат ва ранҷу машаққат аз худ мекунанд. Албата барои касберо аз худ кардан бояд дониш дошт, зеро агар инсон дониши аз худ кардани касберо надошта бошад вай дар зиндагӣ муваффақ нахоҳад шуд. Аз ин рӯ донишҷӯёни азиз ин мулки боамне, ки имрӯз дорем бо донишу фаҳмиши хеш бояд дар ободияш саҳме гузошта тавонем. Ва барои саҳм гузоштан бояд илм омӯзем, то дар шоҳрои вусъатбахшии ободи роҳгум назанем. Ва баъдан сухани навбатиро сардори Марзаки истеъдодҳои ҷавон, Сайфуддинов Фирӯз идома дод. Сайфуддинов Фирӯз, иброз доштанд, ки лоиҳаи мазкур, ки тули 6 моҳ мешавад дар донишгоҳ фаъолият дорад, мақсади асосияш баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба китобу китобхонӣ мебошад. Дар давоми ин қадар рӯзҳои гузашта, маркази мазкур дар якҷояги бо мутахасисони марказ ва волотиёрони фаъол ин лоиҳаи номбурдаро тариқи озмун миёни 9- факултети донишгоҳ ба роҳ монданд. Лоиҳаи мазкур тариқи озмун дар се давр миёни факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд. Ва таърихи 27.04.2019 даври охири озмунба роҳ монда шуда буд, ки дар натиҷа факултети филолоигияи тоҷик ва жуналистика ҷои 1-ум, факултети омӯгорӣ ҷои 2-юм ва факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҷои 3-юмро касб намуданд. Ғолибони озмун бо “Диплом”- ҳои дараҷаи 1,2,3 ва “Ифтихорнома” –и ректори донишгоҳ қадрдони гардиданд.