KGU

Ҷамбасти конференсияи апрели дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷамбасти конференсияи апрели дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 30.04.2019

Ҷамбасти конференсияи апрели дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

     Дар таърихи 27.04.2019 дар биноми маъмурии толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соати 16:00 то соати 17:00 ҷабасти конференсияи имлӣ-назарявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба ҷамбасти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2018 сурат гирифт. Сараввал сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ, мӯҳтарам Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, сухани навбатиро барои супоридани ахборот ба роҳбарони бахшҳо супурданд.Ҳар як роҳбари бахши оиди гузариши конференсия дар бахшҳо дар алоҳидагӣ маълумот доданд ва сухани хотимавиро ноиби ректор оид ба илм ва иноватсия, н.и.п., Рафиев С.А., идома дода, оиди пешниҳоди мавзуъҳои конференсия суҳбатҳо намуданд. Ва дар охири конфренсия ба омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар бахшҳо баромади хуб намуданд ва мавзуъҳояшон беҳтарин баромаданд аз ҷониби раисони бахшҳо ба раёсати илм ва иноватсия пешниҳод гардида , аз ҷониби ректори донишгоҳ бо “Ифтихорнома”-ҳо қадрдонӣ гардиданд. Ва ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки солҳои пешомад, конференсия мазкур дар давоми се рӯз нею дар давоми як ҳафта ба роҳ монда мешавад.


Back to the list