Дар таърихи 2.05.2019 дар ошёнаи дуюми бинои маъмурӣ утоқи №207 - и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ ва Шуъбаи кор бо ҷавонон даври аввали озмуни умумидонишгоҳии интелектуаллии “Ҳалқаи дониш”, миёни факултетҳои физика ва математика ва факултаи филологияи тоҷик ва журналистика гузаронида шуд. Мақсади асосии озмуни мазкур ин баланд бардоштан ва сайқал додани савияи дониши донишҷӯён мебошад. Ногуфта намонад, ки тибқи низомномаи тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ озмун дар ду давр баргузор мегардад. Дар даври аввал дастаи факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, се дастаи ғолиб барои иштирок дар даври 2-юм роҳ меёбанд ва дар даври 2-юм барои ишғоли ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм рақобат менамоянд. Ва дар охири озмун ғолибони ҷойи якум бо ҷом ва ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм бо итихорномаҳои таъсиснамудаи раёсати донишгоҳ дар маросими тантанавӣ супорида мешавад.