KGU

Ҷаласаи кории раиси шаҳр оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи кории раиси шаҳр оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.05.2019

Ҷаласаи кории раиси шаҳр оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Санаи 01 майи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси кории раиси шаҳр оид ба даъвати ҷавонон ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар кори маҷлис ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ректори Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбарони коллеҷҳои давлатӣ ва хусусии шаҳр ширкат доштанд. Раиси шаҳр барои корбарӣ ва дастгирии онҳо барои даъвати ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ миннатдорӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ин самт ва дар корҳои ободонии шаҳр саҳми бештар гузоштанро таъкид намуд.Ҳамчунин қайд гардид, ки барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон мо ҳамагонро зарур аст, ки масъулияти хосса зоҳир намуда, корҳои тарғиботиву ташфиқотиро миёни ҷомеа бо маротиб афзоиш диҳем. Зеро имрӯз ҷавонон аксар донишҷӯ ҳастанд ва дастпарвари шумо омӯзгорон мебошанд. Аз ин рӯ, дар тарбияи онҳо дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон, ҳимояи марзу буми кишвар, аз байн бурдани бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ таваҷчуҳи махсус доштани шумо боиси дурахшонии ҷомеа ва давлат мегардад.


Back to the list