Дар таърихи 3.05.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ташаббуси раёсати тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ – фароғатии омоданамудаи донишҷӯдухтарони хобгоҳи назди донишгоҳ бахшида ба “ Иди ғалаба”, гузаронида шуд . Сараввал сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба тарбия, н.и.п. Назаров Ҳотамшо оғоз намуда, кулли омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ самимона шодбош намуданд. Ва баъдан маърӯзаи донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ – Наимова Фароғат , дар мавзӯи “ Ҷанги бузурги ватанӣ”, шунида шуд. Баъдан ба қисмати фарҳангии чорабинии мазкур донишҷӯдухтарони хобгоҳи назди донишгоҳ оғоз намуданд. Чорабини таёрнамудаи донишҷӯдухтарон ба ҳама аҳли нишаст истироҳати хубу табъи болидаеро бахшид. Дар охири чорабини ба як қатор донишҷӯдухтароне, ки пайваста дар чорабиниҳои фарҳангию илмӣ ҳамеша фаъолона ширкат меварзанд аз ҷониби раёсати донишгоҳ “Ифтихорнома”- ҳо тақдим карда шуд.