Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он чораҳои дахлдорро амалӣ намуда истода, тамоми шароитҳои зарурӣ ҷиҳати машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш дар шаҳру деҳоти Кӯлоб фароҳам оварда шудааст.Бояд қайд кард, ки варзишгари шаҳр Сорбон Латифов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба самбои муҳорибавӣ иштирок намуда, ду маротиба сазовори ҷойҳои намоён гаштааст.Бо ташаббуси мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи 2 майи соли ҷорӣ дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб консерти бошукӯҳ ба ифтихори ин варзишгар баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур ҳунармандони ҷумҳурӣ аз қабили, Сурайё Қосимова, Зафари Аюбӣ, Бахтиёр Раҳимов, Фируза Ҳафизова, Матлуба Раҳимова, Мавзуна Маҳмамзода, Нишонаи Рустам, ширкат варзиданд. Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилода С. ба 2 – карат чоизадори чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Сорбон Латифов бо тантана калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуда, қайд намуданд: Мо ифтихор дорем, ки Сорбон Латифов дар арсаи байналмилалӣ парчами Тоҷикистони азизамонро баланд намуд. Дар ин консерти бошокӯҳ зиёда аз 10 ҳазор тамошобинон ширкат варзида, аз суруду рақсҳои ҳунармандон ғизои маънавӣ гирифта, вақти худро хуш гузарониданд.