KGU

Чорабинии умумидонишгоҳӣ бахшида ба "ИДИ ҒАЛАБА"

Чорабинии умумидонишгоҳӣ бахшида ба "ИДИ ҒАЛАБА" 08.05.2019

Чорабинии умумидонишгоҳӣ бахшида ба "ИДИ ҒАЛАБА"

     Санаи 08.05.2019 бо ташаббуси Факултаи Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Иди Ғалаба гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур шоир Лутфи Хомӯш ва собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни ҷанги башардустонаи Афғонистон иштирок доштанд.

     Сухани ифтитоҳии чорабинии мазкурро Ноиби ректор оид ба таълим Холиқов С.С. кушода ҳозиринро аз номи ректори донишгоҳ Узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло табрик намуданд. Сипас ноиби ректор оид ба тарбия Назаров Ҳ.С. баромад намуда меҳмонони ташрифовардаро ба ин чорабинӣ шодбош намуданд.

     Дар идомаи чорабинӣ маърӯзаи докторанти PhD Исупов Ш шунида шуд. Қисмати илмии чорабинӣ анҷом ёфта қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, рақси гурӯҳии донишҷӯён таҳти унвони “Синий платочек” иҷро шуд. Ҳамчунин суруди Ватан дар иҷрои донишҷӯи курси 1 Валиев Манучер сароида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ саҳначаи “Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” бо як маҳорату малакаи махсус пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Чорабинӣ бо гусели меҳмонон ба анҷом расид.

       

   

Back to the list