Санаи 15.05.2019 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ даври дуюми озмуни интелектуалии “Ҳалқаи дониш” миёни факултетҳое, ки дар даври аввали озмуни мазкур ғолиб омада буданд, гузаронида шуд. Зимни сухани ифтитоҳӣ вобаста ба мақсади ташкили озмуни мазкур қайд карда шуд, ки: Дар давраи истиқлолият давлату ҳукумат ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, тарғиби китобу илму дониш, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дорад. Дар шароити имрӯза ҷиҳати боз ҳам рушд додани савияи дониши донишҷӯён бояд маҳфилу чорабиниҳои илмӣ ташкил намуд. Маҳз тавассути ташкили фазои илмӣ метавон савияи дониши донишҷӯёнро боло бурд ва ба ин васила захираҳои кадриро интихоб кард. Роҳбаладии озмунро сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва мутаххасисони шуъбаи мазкурба ӯҳда доштанд. Дар натиҷаи рақобат миёни факултетҳо маълум гашт, ки факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо теъдоди 11 посухи дуруст ба саволҳои пешниҳод шуда мақоми аввалро касб намуд. Ва факултҳои дигар аз ҷумлаи:Факултети филологияи тоҷик ва журналистика бо теъдоди 9 посухи дуруст ба саволҳои пешниҳодшуда, мақоми дуюмро касб намуданд.Факултети филологияи хориҷӣ бошад бо теъдоди 8 посухи дуруст ба саволҳои пешниҳодшуда, мақоми сеюмро ишғол карданд.