KGU

Таҷлили рӯзи байналмилалии «Оила» дар шаҳри Кӯлоб

Таҷлили рӯзи байналмилалии «Оила» дар шаҳри Кӯлоб 16.05.2019

Таҷлили рӯзи байналмилалии «Оила» дар шаҳри Кӯлоб

      Оила ҷузъи ҳастии инсоният ва қисми ҷудонашавандаи  миллату давлат ба шумор рафта, пойдорию устувории давлату миллат  маҳз аз мустаҳкамии оила сарчашма мегирад.Имрӯз ба муносибати Рӯзи байналмилаии оила дар театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавии идона бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.Дар чорабинӣ намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб-муовини раиси шаҳр Маҷидова К., мудири шуъбаи занон ва оила-Хушвахтова Б., сохторҳои мақомоти иҷроия, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолон, оилаҳои намунавӣ ва навбунёд иштирок намуданд.Саравал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо суханони шодбошӣ роҷеъ ба устуворию пойдории оила  ва дар ҳамин замина баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии оилаҳои ҷавон  баромад намуда, таъкид дошт,  ки тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба беҳдошти муносибатҳои оилавӣ ва пойдории оила равона карда шудааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои тарбияи фарзанд баҳри устувор гардонидани оилаҳо масъулияти хосса дошта бошем.Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки дар паси ҳар оила тақдири минбаъдаи зан-модар, ояндаи неки фарзандон, хушбахтии якчанд тан ва суботи ҷомеа истодааст. Мебояд, андеша кард, ки ҳолати парокандагии оила ба ояндаи насл чӣ таъсире мерасонад.Дар рафти чорабинӣ оилаҳои намунавӣ низ суханронӣ намуда,  дар бораи оила ва оиладорӣ  ибрози андеша намуданд.Дар идомаи чорабинӣ оилаҳои намунавӣ ва оилаҳои навбунёд бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  сарфароз гардонида шуданд. Дар фазои мутантан ба се ҷуфт оилаи ҷавон аз тарафи мудири бахши САҲШ  дар шаҳри Кӯлоб  шаҳодатномаи ақди никоҳ  супорида шуд.Чорабиниро  таронаҳои дилошуби  ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ва намоишномаи театрии “ Гирдоби зиндагӣ”  ҳусну тароват бахшид.


Back to the list