KGU

«Фасли шукуфаҳову хандарези ҷавонӣ дар ошиқонаҳои Хосият Вализода»

«Фасли шукуфаҳову хандарези ҷавонӣ дар ошиқонаҳои Хосият Вализода» 23.05.2019

«Фасли шукуфаҳову хандарези ҷавонӣ дар ошиқонаҳои Хосият Вализода»

    Ба муносибати «Ҳафтаи ҷавонон», ки дар сартосари ҷумҳурӣ баҳри болидагии табъи ҷавонон чорабиниҳои фарҳангиву маҳфилҳои адабӣ имрӯзҳо амалӣ гардида истодааст. Дар шаҳри Кӯлоб низ санаи 21 майи соли равон бо ҳузури шоираи воломақоми ваҳдатсаро -бону Хосият Вализода ва якчанд шоирони ватанпарвари шаҳри Кӯлоб чорабинӣ зери унвони «Фасли шукуфаҳову хандарези ҷавонӣ дар ошиқонаҳои Хосият Вализода» доир гардид.Дар чорабинӣ, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон доир гардид, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб- Иброҳимҳов С. баромад намуда, мақсаду мароми ҷамъомадро ба иштирокдорон тавзеҳ намуд.Ҳамзамон, оид ба осори гаронбаҳои шоираи ширинкалом-Хосият Вализода равшанӣ андохта, иброз дошт, ки «Чунончи медонем Хосият Вализода дар оилаи шоири халқии Тоҷикистон устод Сайидалӣ Вализода ба дунё омада, дар як муҳити моломоли шеър ба воя расидааст. Ӯ зани фарзонасифат ва инсони соҳибдил аст, ки шеърҳояш тараннумгари ишқу муҳаббат, васфи модар-Ватан ва сулҳу ваҳдатанд.  Таи зиёда  аз чил соли фаъолияти эҷодӣ ӯ 15 номгӯи маҷмӯаи ашъор ба таъб расонидааст, ки ҳамагӣ саршор аз муҳббат ба меҳан ва ишқу садоқати инсонӣ мебошанд.Баъдан баҳри дилошуб гардидани чорабинӣ суханро ба шоира-бону Хосият Вализода доданд. Шоира бо суханони нарму самимӣ ва шеърҳои саршор аз муҳбабату садоқат, ватандӯстиву сулҳпарваронаи худ таъби ҷавононро болида гардонид.Дар рафти чорабинӣ инчунин шоирони суханпарвари Кӯлобшаҳр Сулаймон Султон ва Файзи Ашур аз ашъори худ порчаҳои шеърӣ баҳри табъу завқи ҷавонон сароиданд.Дар фарҷом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Хосият Вализода бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.


Back to the list