KGU

Донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ соҳиби 2000 сомонӣ шуданд!

Донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ соҳиби 2000 сомонӣ шуданд! 24.05.2019

Донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ соҳиби 2000 сомонӣ шуданд!

       21-уми майи соли 2019 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ли Етсин - президенти ширкати «Хуаксин-семент», намояндагони Вазорати маориф ва илм, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» ширкат варзиданд.Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм қайд кард, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи бисёр хуб қарор дорад, ки он дар асоси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар созишномаҳо ба роҳ монда шудааст.

- Дар асоси санадҳои мазкур ҳамасола аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо карда мешавад, ки дар асоси он айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин 3594 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, – иброз намуд Нуриддин Саид.

Ҷаноби Ли Етсин - президенти ширкати «Хуаксин-семент» аз ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуд ва иброз намуд, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» 1 миллион сомонӣ маблағ ба муддати 5 сол ҷудо шудааст, ки  ҳар сол 200 ҳазор сомонӣ ба 100 нафар донишҷӯ, яъне ба ҳар як донишҷӯ 2 000 сомонӣ ҳамчун стипендия тӯҳфа карда мешавад.

- Аллакай маротибаи сеюм аст, ки стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни тоҷик супорида мешавад, – гуфт ҷаноби Ли Етсин.Сипас, дар маросими тантанавӣ ба 100 нафар донишҷӯ аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ стипендияи мазкур тақдим гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ донишҷӯёни зерини донишгоҳ бо стипендияи ширкати мазкур қадрдонӣ гардиданд:

1. Латифов Манучеҳр – донишҷӯи курси 2-юми факултети физика ва математика.

2. Назирмадов Қурбоналӣ – донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих ва ҳуқуқ.

3. Алиева Аҳдия – донишҷӯи курси 2-юми факултети химия ва биология.

4. Гадоева Мунира – донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи рӯс.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.


Back to the list