Аз 13-ум то 17-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Гимарайнши Портуи Португалия дар Донишгоҳи Минҳо дар доираи барномаи Erasmus+ K2 ҷаласаи кории навбатии ва семинари омӯзишии лоиҳаи EXTEND шуда гузашт.
Дар ҷаласаи мазкур чор МТОК аз Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
2. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров;
3. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ;
4. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Чор МТОК аз Федератсияи Россия:
1. Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва
2. Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи М.Э. Баумани
3. Донишгоҳи давлатии Мордовия
4. Донишгоҳи давлатии техникии Магнитогорск ба номи Г. И. Носова
Ва чор МТОК аз Иттиҳоди Аврупо:
1. Донишгоҳи политехникии Бухарест (Руминия)
2. Донишгоҳи Minho (Португалия)
3. Донишгоҳи техникии Рига (Латвия)
4. Донишгоҳи Warwick (Англия) шарикони лоиҳа иштирок намуданд.
Дар семинари мазкур дар Донишгоҳи Минҳо ба ҳамаи иштирокчиён саравал натиҷаҳои аллакай бадастовардашудаи лоиҳа муаррифӣ карда шуда, сипас нақшаҳои нав пешниҳод гардиданд. Саравал, аз ҷониби шарикони аврупоӣ ба иштирокчиён тарзи тартиб додани барномаву нақшаҳои нави таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ омӯзонида шуданд. Баъдан ҳамаи иштирокчиён ба 8 гурӯҳ тақсим карда шуда, Таи ду рӯз руи 8 фанни таълимӣ кор карда, барои ин 8 фанни таълимӣ силлабус сохта, салоҳиятнокиҳоеро, ки донишҷӯ баъди аз худ намудани фанни мазкур бояд соҳиб шавад, муайян намудем.Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дар гурӯҳҳои корӣ барои коркарди ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳои 3 фанни мазкур аъзои гурӯҳи корӣ ва дар таҳияи якеи онҳо – “Communication”, ҳамоҳангсоз мебошад.Ин лоиҳа дар доираи лоиҳаи Фонди Аврупо Erasmus+ “EXTEND «Excellence in Engineering Education through Teacher Training and New Pedagogic Approaches in Russia and Tajikistan». «Баланд бардоштани сифати таълимоти муҳандисӣ бо роҳи бозомӯзии омӯзгорон ва истифода аз усулҳои нави педагогӣ дар Тоҷикистону Россия” буда, дар доираи вохуриҳои кории он ба ғайр аз нақшаву натиҷаҳои лоиҳа боз масъалаи усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои нави таълим барои омодасозии кадрҳои инжинерӣ, тайёркунӣ ва азнавтайёркунӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорони мактаби олӣ дар шароити муносиботи байналмилалӣ ва мутобиқшавӣ ба таҷрибаи пешқадами аврупоӣ таҳлил карда мешаванд.Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълимоти соҳаи муҳандисӣ дар МТОКи шарики лоиҳа буда, дар доираи он дар донишгоҳ ба маблағи 22500 евро ё ин ки 245 000 сомонӣ маркази EXTEND таъсис дода мешавад. Маркази мазкур бо таҷҳизоти муоссир муҷаҳаз хоҳад буд, ва дар он баргузории курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорону унвоҷӯён ба роҳ монда мешавад. Асосан таълими усулҳои фаъоли таълим ва технологияи пешрафтаи муоссири таълим дар маркази мазкур ба роҳ монда хоҳад шуд.Аз рӯи нақшаи кории пешакӣ таҳиягардида, то моҳи сентябри соли ҷорӣ, бояд ҳуҷҷатгузории ҳамаи фанҳои дар доираи лоиҳа коркардшаванда ва маводҳои таълими онҳо ба итмом расида, аз моҳи октябри соли ҷорӣ дар маркази EXTEND аз рӯи ин фанҳо гурӯҳи нахустин ба такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд.Мувофиқи нақшаҳои пешакӣ таҷҳизот барои маркази мазкур тахминан миёнаҳои моҳи июни соли ҷорӣ харидорӣ ва дар марказ насб карда мешавад.Вохурии навбатии лоиҳаи мазкур аз 9-ум то 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Ворвик шаҳри Бирмингеми Англия баргузор мегардад ва дар он се нафар аъзои гурӯҳи кории лоиҳа аз донишгоҳ бояд иштирок намоянд.Моҳи июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи паҳнгардонии лоиҳаи мазкур баргузор хоҳад шуд, ки дар он натиҷаҳои аллакай бадастомада, мувафаққиятҳо, камбудиҳо, мақсадҳои асосӣ, ва афзалият ба намояндагони тамоми МТОКи кишвар пешкаш карда мешавад, ва агар худи онҳо хоҳишашон бошад, метавонанд натиҷаи кори лоиҳаро дар донишгоҳашон истифода баранд, татбиқ намоянд.
Орифов О.О., сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва
Ҳофизов Алишер, мутахассиси маркази таҳсилоти фосилавӣ