Санаи 26.06.2019 дар бинои маъмурӣ, толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ваҳдат ба сӯи саодат аст” баргузор гардид. Ба муносибати таҷлили ин рӯзи фархунда дар саҳни донишгоҳ соати 11:00 расми ифтитоҳи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишитроки мешҳмонон гузаронида шуд. Дар конфронси мазкур шоирону нависандагони шаҳри Кӯлоб ва инчунин кормандони соҳаи маориф ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб фаъолона иштирок доштанд. Сараввал сухани ифтитоҳии конфронси мазкурро ректори донишгоҳ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдуллоҳ Ҳабибулло оғоз намуда, кулли иштирокдоронро ба муносибати ин рӯзи пирӯз сидқан шодбош намуданд. Баъди сухани шодбошии муҳтарам ректор маърӯзаи зерин ва суханони меҳмонон шунида шуд:
1. Маърӯзаи номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Назарзода Пиралӣ Сафар дар мавзӯи “ Консепсияи миллӣ як шакли зуҳури андешаи миллии Тоҷикон”.