KGU

Сафари хизмати ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Сафари хизмати ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 01.07.2019

Сафари хизмати ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

           Рӯзҳои 28-29 июни соли 2019 дар ДДҲБСТ дар ш. Хуҷанд семинари ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва тартиби гузаронидани муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба кори худ шуруъ намуд.Семинари ҷумҳуриявӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошии ректори ДДҲБСТ дар ш. Хуҷанд профессор Шарифзода Муъмин Машокир оғоз гардида, сипас Сардори Раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии ВМИҶТ Ҳайдаров Фахриддин Наботович оид ба вазъигузаштани МТОК аз аккредитатсияи байналмилалӣ маълумот ироа намуданд.Зимни баромади Ҳайдаров Ф.Н. қайд карда шуд, ки айни ҳол барои ҶТ, ки аз соли 2004 инҷониб дар доираи талаботи Декларатсияи Боллония ҷараёни таълимро роҳандозӣ намуда истодааст, сатҳи гузаштани МТОК аз аккредитасияи байналмилалӣ ба талабот ҷавобгӯ нест, ки ин раванд дар паёмади хеш якчанд омилҳои мусбату манфиро дарбар мегирад.Мавсуф қайд намуданд, киаккредитатсияи байналмилалӣ яке аз роҳҳои мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ва ихтисосҳои муассисаи таълимӣ бо талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат, баланд бардоштани мақом ва рақобатпазирии муассисаи таълимӣ ба шумор меравад.Ногуфта намонад, ки санаи 21 феврали соли 2019 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) семинар таҳти унвони «Аккредитатсия-механизми самараноки таъмини сифати таҳсилот» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, 41 нафар соҳиби сертификат (эксперти байналмилалии дараҷаи 3) шуданд.Аз ин шумора 3 нафар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар Бобоҷонов Д.-муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар комиссияи коршиносони аккредитатсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Қазоқистони шарқӣ ба номи С.Аможолов, Ҷураев А.-мушовири ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар комиссияи коршиносони аккредитатсияи байналмилалии Донишгоҳи давлатии минтақавии Актюбински Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тошматов М.-муовини ректор оид ба таълим ва идорати сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар комиссияи коршиносони аккредитатсияи байналмилалии Донишгоҳи давлатии ғарбии Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Урал ба ҳайси эксперти байналмилалии Муассисаи ғайритиҷоратии “Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг”-и Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) ширкат намуданд.Бояд қайд намоем, ки тибқи маълумоти бадастомада аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омӯзгороне, ки ба ҳайси эксперт дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба аккредитатсияи байналмилалӣ фаъолият мекунанд, айни ҳол аз 23 донишгоҳу донишкада 43 нафарро ташкил дода, тавре дар боло қайд намудем, аз ин ҳамагӣ 3 нафар бо Муассисаи ғайритиҷоратии “Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг”-и Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) дар ҳамкорӣ қарор доранд.Дар ин росто, фаъолияти донишгоҳҳое, ки дар онҳо аллакай як қадам ба пеш гузошта шудаааст ва дар самти муносибатҳои байналмилалӣ то андозае муваффақ мебошанд, аз ҷумла ДМТ, ДДТТ ба номи А. Сино, ДДҲБСТ, ДДТТ, ДТТ, ДАТ ба номи Ш.Шотемур ва ДДК ба номи А. Рӯдакӣ мусбат арзёбӣ гардид.Дар идомаи семинар Даврон Бобоҷонов -муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ дар мавзӯи “Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар самти гузаронидани ихтисосҳои амалкунанда аз аккредитатсияи байналмилалӣ”,Ҷӯраев Абдураҳим-мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ оид ба “Аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таълимӣ: моҳият ва талаботҳо”,Тошматов Маҳмудхон–муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи технологии Тоҷикистондар бораи “Тартиби гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ”маърӯза намуданд.Пас аз муаррифии маърӯзаҳо мубоҳисаҳо сурат гирифта, таклифу пешниҳоди мушаххас ҷиҳати анҷоми тадбирҳои созгор бобати гузаронидани МТОК аз аккредитатсияи байналмилалӣ ироа гардиданд.То соати 18 рӯзи аввали семинар тамошои муташаккили гурӯҳӣ аз дастовардҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафурованҷом дода шуд.Санаи 29 июн кори семинари ҷумҳуривӣ дар Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди маъруза ва муаррифиномаиСангинов Назрулло-омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи "Гузаронидани аккредитатсияи байналмилалӣ омили муҳими ягонаи воридшавӣ ба фазои таҳсилот” идома ёфта, дархосту пешниҳоду таклифҳо атрофи ҳарчӣ хубтару беҳтар ба роҳ мондани кор дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ сурат гирифтанд.Нимаи дуюми рӯз тамошои муташаккили гурӯҳӣ аз дастовардҳои Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд нишон дод, ки дар ин муассисаи таълимӣ дар доираи амалӣ кардани барномаҳои байналмилалӣ ва ҳаммаблағгузорӣ аз ҷониби донишгоҳ 36 озмоишгоҳ ва марказҳои таҳлилу ташхис таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо тадқиқотҳои илмӣ, рисолаҳои хатми бакалавриату магистрӣ анҷом дода мешаванд.



Ҳисоботдиҳанда:

муовини ректор оид

 ба муносибатҳои байналмилалӣ:

 Худойдодова Ш.З.


Back to the list