Тибқи мактуби иттилоотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама сола миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ баргузор мегардад. Имсол ба муносибати таҷлили ҷашни 28- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мазкур миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ баргузор гардид, ки дар ин аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба кори озмун ҳамаги 10 нафар донишҷӯ кори илми тадқиқоти ворид намуд, ки дар натиҷа аз миён 4 нафар аз донишгоҳи мо ғолиби озмуни мазкур гардиданд.
Аз ҷумла:
1. Латифов Манучеҳр - донишҷӯи курси 3-юми факултети физика ва математика, шуъбаи информатика дар бахши фанҳои дақиқ аз руи фанни технологияи иттилоотӣ ширкат варзида сазовори ҷойи 2- юм гардид.
2. Судоба –донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз руи фанни таърих ширкат варзида сазовори ҷойи 2-юм гардид.
3. Давлатмуродов Қурбоналӣ – донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз руи фанни таърих ширкат варзида сазовори ҷойи 3-юм гардид.
4. Саёҳат Суҳробзода – донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи хориҷӣ аз рӯи ихтисоси забони ангилиси ширкат варзида сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.