KGU

"Рӯдаки қофиласолори тоҷик" таҳти ин ном дар ДДК ба номи А. Рӯдакӣ конференсияи илмӣ - адаби баргузор гардид.

"Рӯдаки қофиласолори тоҷик" таҳти ин ном дар ДДК ба номи А. Рӯдакӣ конференсияи илмӣ - адаби баргузор гардид. 23.09.2019

"Рӯдаки қофиласолори тоҷик" таҳти ин ном дар ДДК ба номи А. Рӯдакӣ конференсияи илмӣ - адаби баргузор гардид.

    Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.Дар Тоҷикистон Рӯдакишиносӣ чандин марҳиларо тай кардааст, ки давраи Истиқлол аз муҳимтарин ва дурахшонтарин марҳилаҳо ба шумор меравад. Дар ин давра на танҳо нашри ашъори «Одамушшуаро» хеле афзуд, балки таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи рӯзгору осори боқимондаи ӯ низ вусъат пайдо карда, як зумра асарҳои илмӣ ба табъ расиданд. Дар ин доира барои арч гузоштан ба осор ва бузургдошти ин шоири забардаст, санаи 21.09.2019 бо ташаббуси бевоситаи раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ-адабии омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ва журналистика бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” дар мавзӯи “Рӯдакӣ – қофиласолори назми тоҷик” дар боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Сайдали Вализода баргузор гардид.



Back to the list