Санаи 22.09.2019 дар Маркази шоҳмотбозии назди боғи Мир Сайид Алии Ҳамадонии ш.Кӯлоб марҳилаи сеюми мусобиқаи Шоҳмот барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" байни дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла:
Азимова Замира – донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи рӯс миёни ҷавонони синни 15 то 30 сола дар мусобиқаи мазкур ширкат варзида сазовори ҷойи якум гардид.