KGU

Чорабинии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

Чорабинии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 08.10.2019

Чорабинии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

      Имрӯз дар толори Касри фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб чорабинӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб  муҳтарам Баҳром Иноятзода баргузор гардид.

Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб  муҳтарам Баҳром Иноятзода ҳозиринро ба ин Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардуми сарбаланди шаҳри Кӯлоб табрику муборакбод намуд.

 Инчунин қайд намуд, ки дар ин рӯзи таърихӣ, ки рӯзи барои тамоми тоҷикони ҷаҳон рӯзи муқаддас аст, Шуморо бо беҳтарин орзую таманноҳо ва самимияти бепоён табрик мегӯям. 

Инчунин дар раванди суханронии худ иброз намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона таъкид намудаанд: «Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст».

Маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раҳонидани миллат аз вартаи нестӣ ба пойдориву устувории забони давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарвариашон таъкид доштанд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад».

Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланди Кӯлоб дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат якдилу устувор буда, баҳри таҳким ва тақвияти ободкорию созандагӣ минбаъд низ фаъолона талош хоҳанд намуд ва барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо ва захираҳои ҷойдошта самаранок истифода хоҳанд бурд.

Сипас шоирон  Хосияти Вализода, Лутфи Хомуш, шеърҳои ба забони тоҷикӣ бахшидаи худро қироат намуданд.

Чорабиниро бахши фарҳангӣ шаҳри Кӯлоб бо як ҳуввияти миллӣ, дӯст доштани  забони тоҷикӣ  эҳтиром ва арҷгузорӣ ба   фарҳанги миллии тоҷикӣ ҳусни анҷом пазируфтанд.

 


Back to the list