Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештншиносӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон рӯзҳои 30 сентябр то 05 октябри соли 2019 тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Кӯлоб дарси “Мактаби шуҷоат” барои ҷавонони гурӯҳи “Авангард” баргузор гардид. Дар дарси мазкур донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ширкат варзида курси мазкурро сарбаландона хатм намуданд ва дар охири курс бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумлаи:
1. Хоҷазода Муҳаммад – магистранти курси 1-уми факултети филологияи рӯс.
2. Латифов Манучеҳр – донишҷӯи курси 3-юми факултети физика ва математика.
3. Абдураҳмонова Ширинмоҳ – донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи рӯс.
4. Музаффарова Бону – донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ.