Санаи 17.10.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва нақши Пешвои миллат дар эҷоди он» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ, Мирзошорух Асрорӣ ва раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ Ғайбулло Афзалов ва омӯзгоруну донишҷуёни донишгоҳ баргузор гардид. Сараввал сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ , доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИҶТ Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, кулли меҳмононро хушомадед гуфтанд. Ва дар бобати таҳкими Ваҳдати миллӣ ва андешаи миллӣ суханронӣ намуданд. Дар конференсияи мазкур маърӯзаҳои зерин мавриди мухокима ва барраси карор гирифтанд:
1. “Мактаби сулҳпарвари Пешвои миллат ва таҳкими Ваҳдати миллӣ” – маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ, Мирзошорух Асрорӣ.
2. “Нақши Пешвои миллат дар тарбияи худшиносии миллии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии кишвар” - маърӯзаи раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ Ғайбулло Афзалов.
3. Суханронии мушовири ректори донишгоҳ Зафар Мирзоён.
Конфренсия бо пурсишу посухҳои иштироккунандагон ва меҳмонон ба итмом расид.