KGU

Ифтитоҳи Анҷумани иқтисодӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо барои рушд” дар Кӯлоб

Ифтитоҳи Анҷумани иқтисодӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо барои рушд” дар Кӯлоб 11.10.2019

Ифтитоҳи Анҷумани иқтисодӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо барои рушд” дар Кӯлоб

    Имрӯз, 11 октябр, Анҷумани иқтисодӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо барои рушд” дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини Сарваризи мамлакат Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сухани ифтитоҳии худ ба иштирокчиён ва кори Анҷуман барору комёбӣ таманно намуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои ташкили чунин чорабинӣ, ки ба рушди иқтисодиёти вилоят, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ба кор даровардан ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба шуғл ҷалб гардидани захираҳои меҳнатӣ дар минтақа мусоидат менамояд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ кард.


Back to the list