KGU

Семинар машварат дар мавзуи “ Ҳар як кӯдаки ҷаҳон ҳуқуқ ба кӯдакӣ дорад”

Семинар машварат дар мавзуи “ Ҳар як кӯдаки ҷаҳон ҳуқуқ ба кӯдакӣ дорад” 22.10.2019

Семинар машварат дар мавзуи “ Ҳар як кӯдаки ҷаҳон ҳуқуқ ба кӯдакӣ дорад”

    Ташкилоти ғайритиҷоратии Бунёди Terre des homes (Tdh) созмони пешрафтаи Швейтсария оид ба кӯдакон мебошад. Тавассути барномаҳои саломатӣ, муҳоҷират, ҳифз ва кӯмаки фаврӣ ташкилот ҳар сол ба зиёда аз се миллион кӯдакон ва оилаҳои онҳо дар зиёда аз 45 кишвар кӯмак мерасонад. Ташкилоти des homes аз ҷониби Эдмонд Кайзер соли 1960 офарида шудааст. Ва соли 2020 ташкилоти мазкур 60 сола мешавад. Ҳадафи асосии ташкилот ва кормандони он беҳтар намудани шароити кӯдакони аз ҳама осебпазир дар саросари ҷаҳон иборат аст. Ташкилот ба 5 вазифа диққат медиҳад:

1.      Беҳтар намудани саломатии кӯдакони то 5-сола ва кӯдакони эҳтиёҷманд ба ёрии махсуси тиббӣ;

2.      Муҳоифизати кӯдакони муҳоҷир;

3.      Пешгирии истисмори кӯдакон;

4.      Пешбурди адлияи барқароркунанда барои кӯдакони ба қонун зиддиятдошта;

5.      Расонидани кӯмаки башардӯстона ба кӯдакон ва оилаҳои дар ҳолати фавқулода ва бӯҳрон;

    Ташкилоти номбурда бо мақсади ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон санаи 22.10.2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар машварати навбатии худро дар мавзӯи “Ҳар як кӯдаки ҷаҳон ҳуқуқ ба кӯдакӣ дорад” миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор намуданд. Семинарро мутаххасис оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ташкилоти швейтсарӣ – Саймуродова Сайёра ва Директори ташкилотит ҷамъиятии “ Занҳои ҳуқуқшинос баҳри тараққиёт” гузарониданд. Дар семинар суолу пурсишҳо миёни ширкаткунандагон ба вуқуъ омад, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки семинари мазкур ба ҳама фаҳмо буда, дар ояндаи минбаъда ба фаҳмиши донишҷӯён як ҷиҳати хуби инсонгароиро инъикос мекунад. Хулоса семинар машварати доиргардида бо фаҳмондаҳии мутаххасисон ва пурсишу суолҳои ширкаткунандагон ба итмом расид.


Back to the list