KGU

Ҷаласаи васеъи падару модарон

Ҷаласаи васеъи падару модарон 25.09.2019

Ҷаласаи васеъи падару модарон

     Санаи 25.09.2019 бо ташаббуси бевоситаи раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади хуб ва беҳтар намудани таълиму тарбияи насли ҷавон аз ҷониби Раёсати тарбияи донишгоҳ вохӯрӣ ва фаҳмондадиҳи миёни волидайни донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳи назди донишгоҳ истиқомат доранд гузаронида шуд. Сарввал сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба тарбия н.и.п, Назаров Ҳотамшо оғоз намуда, кулли падару модаре, ки дар ин вохӯри иштирок доштанд самимона хушомадед гуфтанд ва инчунин қайд намуданд, ки хобгоҳ ниҳоди аввалинест, ки обрӯи аввалиндарҷаи донишгоҳро таҷассум намуда, муаррифгари ҳаёти маънавии беруна, яъне донишгоҳӣ ва шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Зеро дар онҷо донишҷӯёне ҳаёт ба сар мебаранд, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ятимони кул, маъюбон ва ё ки аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои таҳсил намудан ба шаҳри Кӯлоб омадаанд. Мутаххасисони раёсати тарбия дар бобати таълиму тарбияи насли наврас суханрониҳо намуда ва баъдан мушкили ва арзу шикоятҳои волидони донишҷӯдухтаронро як-як шунида ҳама мушкилиҳои ҷойдоштаро бартараф намуданд.


Back to the list