KGU

Семинар дар мавзӯи зӯроварӣ дар оила

Семинар дар мавзӯи зӯроварӣ дар оила 23.10.2019

Семинар дар мавзӯи зӯроварӣ дар оила

     Санаи 23- уми  соли 2019 дар тарабхонаи «Тоҳир»-и шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Таҳкими амнияти ҷамъиятӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Семинари мазкур бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон» бо иштироки бахшҳои кор бо ҷавонон, дин танзими анана, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, котиби комиссия  оид ба ҳуқуқи кӯдак, САҲШ, тандурустӣ, маориф, Агенти суғуртаи иҷтимои ва нафақа, хифзи ичтимои, чамоатхои дехот, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ доир гардид.

Инчунин дар семинар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  зӯроварӣ дар оила», сабабҳо ва намудҳои зӯроварӣ, усулҳои хизматрасонии байнисоҳавӣ матраҳ гардида, пурсишнома аз тарафи тренерон ба иштирокчиён дода шуд, ки мақсади саволнома ин фикру ақидаҳои иштирокчиён оиди пешгирии зӯроварӣ дар оила мешбошад.

Дар рафти баргузории семинар инчунин фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён оид ба сабабу омилҳои ба миён омадани зуроварӣ ва роҳҳо бартараф кардани ин падидаи номатлуб андешаронӣ карда шуд.

Дар охир, аз ҷониби ташкилкунандагони семинар ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас гаронида шуд.

 


Back to the list