KGU

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РӮШДИ ИЛМИ МУОСИР”

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РӮШДИ ИЛМИ МУОСИР” 15.11.2019

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РӮШДИ ИЛМИ МУОСИР”

Дар санаи 15.11.2019 бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ миёни магистрантон ва докторантони PhD дар мавзӯи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми муосир, маориф ва низоми нави таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конференсияи мазкур дар 3 бахш: илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ, илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ин чунин илмҳои иқтисодӣ тӯли 1 рӯз идома ёфт. Теъдоди маърӯзаҳои ба конференсия пешниҳодшуда наздики 60 ададро ташкил медод, ки ҳар як маърӯза дар бахшҳо шунида шуда, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷамъбасти конференсия 12 нафар магистрантону докторантони PhD, ки маърӯзаҳояшон аз ҷониби роҳбарони бахш беҳтарин арзёбӣ гардида буданд, бо ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд, ки аз шахсони зерин иборатанд;

 

1.  Муҳаммадҷони Абдувоҳид, докторанти PhD-и курси 3-юми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика;

2.     Сулаймонов Убайдулло, докторанти PhD-и курси 2-юми факултаи физика ва математика;

3.     Раҳмонова Гулдона, магистранти курси 1-уми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика;

4.     Қурбонов Анис, магистранти курси 2-юми факултаи иқтисод ва идора;

5.     Шамшоди Ҷамшед, докторанти PhD-и курси 3-юми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика;

6.     Сахиев Сорбон, магистранти курси 1-уми факултаи филологияи хориҷӣ;

7.     Ҷӯраева Мутриба, магистранти курси 2-юми факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ;

8.     Усмонов Муҳаммадалӣ, магистранти курси 1-уми факултаи филологияи хориҷӣ;

9.     Мусоева Маликамо, магистранти курси 2-юми факултаи физика ва математика;

10.    Эргашов Аминҷон, магистранти курси 2-юми факултаи физика ва математика;

11.     Давлатов Дилбоз, магистранти курси 1-уми факултаи молиявию иқтисодӣ;

12.     Қосимов Алиҷон, магистранти курси 2-юми факултаи иқтисод ва идора;


Back to the list