Дар таърихи рӯзи 29.11.2019. дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмии № 17- уми “ Ҷамъияти илмии донишҷӯён” доир гардид, ки фарогири се мавзӯъ буд.
- Парчами тоҷикистон пешинаи ҳазорсола дорад.
- Меҳр бар парчами давлатӣ меҳр бар миллату давлатаст.
- Парчами милли ифтихори дирӯз, имрӯз ва фардои миллат.
Дар конференсияи мазкур маърӯзаҳо аз ҷониби донишҷӯёни факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилали пешниҳод гардида ва шунида шуданд. Дар конференсия мазкур аъзоёни “ Ҷамъияти илмии донишҷӯён” ки аз 10 факултет ҳастанд бо шумораи 205 нафар иштирок намуданд ва дар охир баъд аз шунидани маърӯзаҳо конференсия бо саволу ҷавобҳо сӯханронии ноиби ректор ховаршинос устод Зафар Мирзоён ба итмом расид.