Санаи 27 ноябри соли 2019, соати 800 то 1300, дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ошёнаи дуюм семинар-омӯзиш аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази мили патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, Пешвои муаззами миллат, президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи Нақшаи кории Шурои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, семинари-омӯзиши дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» бо мутахассисони хуби варзида баргузор гардид. Дар ин семинар наздики 140-нафар лоиҳанависон, ихтирроъкорону волонтиёрони Маркази истеъдодҳои ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ иштирок намуда, дар самти моликияти зеҳнӣ маҳорати худро боз ҳам баланд бардоштанд.