Санаи 07.12.2019 дар толори фарҳангии бинои №4 донишгоҳ аз тарафи шуъбаи тарбия вохурӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети филологияи рус баргузор гардид, ки дар он вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ маърӯзаҳо шунида шуданд. Инчунин, ба ҷавонон таҳкид карда шуд, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, доимо барои ҳимояи марзу буми ватан омода бошанд.