Тибқи нақшаи кории кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 11.12.2019 дар ошёнаи дуюми бинои маъмурии Донишгоҳ маҳфили ҷамъбастии“Сиёсатшиносони ҷавон” баргузор гардид , ки дар он 47 нафар донишҷӯ аз 10 факултет иштирок намуданд. Дар маҳфили мазкур аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо пешниҳод шуданд, ки мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифт; маърӯзаи аввал аз тарафи донишҷӯи курси 2-юми факултаи филалогияи рус Қодирова Марҳабо дар мавзӯи “ Озодии дин ва виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Муҳаббатова Марворид донишҷӯи курси 2-юми факултаи филалогияи тоҷик ва журналистика дар мавзӯи “ Сарвари сиёсӣ ва элетаи сиёсӣ” баромад намуданд, ки дар охир баъд аз шунидани маърӯзаҳои мазкур маҳфил бо саволу ҷавоб ва супоридани ифтихорномаҳо ба донишҷӯёни фаъол ба итмом расид.