Дар таърихи 12.12.2019 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари навбатии клуби туризм “Хуталон”-и маркази рушди касбият ва инноватсия баргузор гардид. Семинарро сардори МРКИ Қурбонова Умеда кушода иштирокчиёнро оид ба мақсаду вазифаҳои клуби туризми “Хуталон” шинос намуд. Дар семинар доир ба мавзӯи “Мақсад ва вазифаҳот ташкили экскурсия” маърӯза ва фикру андешаҳо пешниҳод гардид. Дар охир аз тарафи иштирокчиён саволҳо доири мавзӯъ баррасӣ гардид.