KGU

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ПРОБЛЕМАҲОИ МУОСИРИ ФИЗИКАИ НИМНОҚИЛҲО”

 КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ПРОБЛЕМАҲОИ МУОСИРИ ФИЗИКАИ НИМНОҚИЛҲО” 23.12.2019

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ПРОБЛЕМАҲОИ МУОСИРИ ФИЗИКАИ НИМНОҚИЛҲО”

Санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои муосири физикаи нимноҳилҳо” бахшида ба 80-солагии академик Каримов Самариддин Каримович баргузор гардид.

Конференсияи мазкур аз ду бахш иборат буд, 

бахши аввал: -проблемаҳои муосири физикаи нимноқилҳо, ки дар ин бахш 35 мақол пешниҳод шуда буд, 

бахши дуввум: -проблемаҳои методикаи таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ 37 мақола пешниҳод шуда буд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои кимиё муҳтарам Холиқов С.С кушода меҳмононро ба Конференсияи мазкур хуш омадед гуфтанд. Сипас ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои педагогика Рафиев С.А.  баромад намуда, ҳозиринро оид ба раванди баргузории конференсия ва кор бо бахшҳо шинос намуд. Кор дар бахшҳои конференсия бо суолу ҷавобҳо ба охир расид.



Back to the list