Санаи 25.12.2019 тибқи нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳоӣ мардумӣ" дар толори фарҳангии факултаи физика ва математика озмуни умумидонишгоҳии "ҶИЛВАИ ҲУНАР" миёни донишҷӯдухтарони Донишгоҳ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 7- нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 3- нафарашон аз ҷониби ҳакамон ғолиби озмун интихоб гардиданд, ки нафарони зерин ба шумор мераванд.
Шоираи Сайдикром -донишҷӯи курси 4-уми факултаи физика ва математика-ғолиби ҷои аввал;
Барфакзода Фазилатмоҳ- донишҷӯи курси 3-юми фаултаи филологияи тоҷик ва журналистика ғолиби ҷои дуюм;
Шаҳлои Хуршед - донишҷӯи курси 2-юми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ғолиби ҷои сеюм;,
Озмуни мазкур аз шартҳои зерин иборат буд;
1: Маҳорати суханварӣ;
2: Намоиши либосҳои миллӣ;
3: Нишондодани истеъдод, малака ва завқи шеърхонӣ;
4: Ҳозирҷавобӣ;
Ҳамаи донишҷӯдухтарон аз уҳдаи ин шартҳо ба хуби баромаданд.