Санаи 09.01.2020. дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи кории раёсати илм ва иноватсия бо мақсади беҳсозии фаъолти омӯзгорон дар самти корҳои илми таҳқиқоти ва инноватсионӣ баргузор гардид. Саравал сухани ифтитоҳи ба Самариддинова З.Н. сардори раёсати илм ва инноватсия дода шуд. Дар суханронии худ зикр намуданд, ки барои бозҳам мустаҳкам намудани фаъолияти кории худ бояд ҳар як омӯзгор зиёдтар ба мақолаҳои илми рӯ орад. Баъд аз суханронии Самариддинова З.Н. – муовини ректор оид илм ва инноватсия Рафиев С.А. дар бораи муваффақиятҳои дар соли 2019 ба даст овардаи омӯзгорони Донишгоҳ маълумот доданд ва қайд карданд, ки дар соли 2019- 21 омӯзгори Донишгоҳ корҳои илми тадқиқотии худро дар самтҳои гуногун ба анҷом расониданд ва ҳоло бошад дар соли 2020 бошад 35 омӯзгори Донишгоҳ мақсад доранд то корҳои илми тадқиқотии худро бо муваффақият ба итмом расонанд.