KGU

КОНФЕРЕНСИЯИ 23-ЮМИ ҲХДТ

КОНФЕРЕНСИЯИ 23-ЮМИ ҲХДТ 17.01.2020

КОНФЕРЕНСИЯИ 23-ЮМИ ҲХДТ

Санаи 15.01.2020. дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи 23-юми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Конференсия таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу гузаронида шуд. Дар кори Конференсия роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, директори муассисаи давлатии таълимии “Мактаб барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар вакилон аз ташкилоҳои ибидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Конференсияи мазкур оиди пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб мерафт, ки 46- нафар номзадон пешниҳод ва интихоб гардиданд.



Back to the list